17 феврали соли ҷорӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Озарбойҷон, генерал-полковник Камаладдин Ҳайдаров мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳо ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва рафъи оқибатҳои онҳо, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди муҳокима қарор доданд.
Мусоҳибон омодагии ҷонибҳоро ҷиҳати рушди ҳамкориҳо байни сохторҳои дахлдори ду кишвар дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва рафъи оқибатҳои онҳо, аз ҷумла роҳандозии ҳамкориро миёни Академияи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Озарбойҷон ва муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дар масъалаи мубодилаи таҷриба ва омода намудани мутахассисони баландихтисос таъкид карданд.


