Чорабинии идона бахшида ба Иди Наврӯз дар шаҳри Боку

10.04.2025 17:47

Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи 10 апрели соли 2025 дар шаҳри Бокуи Ҷумхурии Озарбойҷон чорабинии идона бахшида ба Иди Наврӯзи аҷам баргузор гардид, ки дар он доираи васеи ҳамватанон ва донишҷуёни тоҷик, меҳмонон ва дӯстони озарӣ иштирок намуданд.

Дар маҳфили идонаи Наврӯзи инчунин хайати Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо барномаи бошукӯҳи консертӣ ва рақсу сурудҳои миллии тоҷикӣ

табъи иштирокчиёнро болида намуданд.

Дар чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо намунаҳои либосҳои миллӣ ва хунархои дасти, китобҳо ва асбобҳои мусиқи, мусаввараҳои рассомон ва аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин таомҳои миллӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз, аз ҷумла рамзи асосии Наврӯз «Суманак», таоми миллии «Оши палов» ва дигар атребутҳои суннатии идонаи «Ҳафт син» ва «Ҳафт шин», ки рамзи баҳор, эҳёи табиат ва ваҳдати халқхо мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg