15 майи соли 2025 дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Боку) Илҳом Абдураҳмон бо вазири ҳифзи муҳити зист ва кишоварзии Гурҷистон Давид Сонгулашвили баргузор гардид.
Зимни мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи ҳифзи муҳити зист, тағйири иқлим ва паёмадҳои манфии он, инчунин масъалаҳои ҳифзи пиряхҳоро баррасӣ карданд.
Инчунин, ҷонибҳо ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла афзоиши гардиши маҳсулоти кишоварзӣ миёни ду кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.
Вазири ҳифзи муҳити зист ва кишоварзии Гурҷистон аз баргузории Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе истиқбол намуда, барои иштирок дар Конфронс ҳавасмандӣ намуд.


