Вохӯрии Сафир бо Директори Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон

17.09.2025 13:29

16 сентябри соли 2025 дар ш. Боку вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо директори Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон Амина Меликова баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои фарҳангӣ, омӯзиши осори таърихию фарҳангӣ ва осорхонадорӣ байни сохторҳои соҳавии ду кишвар, аз ҷумла, омодагирӣ ба намоиши «Олами гулдӯзии тоҷикон» дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо баррасӣ гардиданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg