Ташрифи ҳайати Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷон

01.11.2025 18:55

28 октябри соли 2025 сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон ҳамроҳ бо ҳайати Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷон ба номи Низоми Ганҷавӣ боздид намуданд.

Пас аз шиносоӣ бо экспозитсияҳои Осорхона, вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо директори Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷон ба номи Низоми Ганҷавӣ Рафаэл Гусейнов баргузор гардид.

Зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу адабиёт, омӯзиши осори таърихию фарҳангӣ ва осорхонадорӣ байни сохторҳои соҳавии ду кишвар, баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ва дигар масалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо баррасӣ гардиданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg