Таҷлили рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Боку

02.11.2025 19:45

31 октябри соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Боку қарор дорад, аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон боздид ба амал овард.

Зимни вохӯрии баргузоргардида Файзалӣ Идизода кормандони Сафоратро ба муносибати ҷашни давлатии дарпешистода — Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсозро, ки дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, таъкид намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон зикр намуд, ки Конститутсия заминаи мустаҳками ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон гардида, принсипҳои асосии рушди ҷомеаи демократӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро таъмин менамояд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Конститутсия дар ташаккули самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим бозида, самтҳои асосии онро дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, сулҳдӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд муайян намудааст. Маҳз ҳамин арзишҳо заминаи мусоидро барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои мутақобиланд судманди Тоҷикистону бо кишварҳои хориҷӣ фароҳам овардаанд.

Дар анҷоми мулоқот Файзалӣ Идизода кормандони Сафоратро ба татбиқи кӯшишмандонаи сиёсати хориҷии кишвар даъват намуда, ба онҳо дар фаъолияти пурмасъулияташон ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстона ва тавсеаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон комёбиҳои минбаъда таманно намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg