13 ноябри соли 2025 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин роҳбарияти минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд” ва “Данғара”, дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон аз Минтақаи озоди иқтисодии “Алят” боздид намуда, бо раиси МОИ “Алят” Валеҳ Алескеров вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар соҳаҳои рақамигардонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷорӣ намудани василаҳои нави технологӣ, инчунин тақвияти ҳамкории дуҷониба миёни минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи вохӯрӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон “Суғд” ва “Данғара” ва Минтақаи озоди иқтисодии Озарбойҷон “Алят” ба имзо расонида шуд.




