22 ноябри соли 2025 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ба муносибати ҷашнҳои давлатии кишвар – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами Ҷумҳурии давлатӣ бо иштироки ҳайати кормандони намояндагии дипломатӣ ва донишҷӯёни тоҷики макотиби олии шаҳри Боку ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.
Зимни ҳамоиш сафири кишвар Илҳом Абдураҳмон иброз дошт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди пирӯзӣ дар интихоботи умумихалқӣ 16 ноябри соли 1994 бори нахуст ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд намуда, дар ин мақом дар бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи кишвар ва ба сатҳи баланд баровардани эътибору нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми беандоза гузоштаанд.
Ҳамчунин, қайд гардид, ки бо иқдоми Сарвари давлат ҷиҳати эҳёи рукнҳои давлатдории миллии тоҷикон 16 ноябри соли 1994 бо қарори Иҷлоси 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ тасдиқ ва қабул гардид. Ба хотири нишони арҷгузорӣ ба ин рамзи истиқлолияти давлатӣ аз соли 2009 бо Фрамони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24 ноябр ба ҳайси Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Дар фарҷом сафири кишвар кормандони Сафорат ва донишҷӯёни тоҷикро ба муносибати ин ҷашнҳои муҳими давлатӣ табрик гуфта, аз онҳо даъват намуд, ки бо меҳнати содиқона ва таҳсили муваффақона доимо парчамбардори Ватан бошанд.



