5 декабри соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи иштирок дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар ш.Вена бо дабири кулли ин созмон Фаридун Синирлиоғлу вохӯрӣ намуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистону САҲА-ро дар чаҳорчӯби се ченаки ҳамкорӣ – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла ҷонибҳо дар мавриди вазъ дар минтақа ва Афғонистон, мубориза бо терроризм, ҳамкории дуҷониба дар масъалаҳои обу иқлим табодули назар намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan