21 ноябри соли 2025 дар шаҳри Боку вохурии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо директори иҷроияи Агентии ҳавасмандгардонии содирот ва сармоягузории Ҷумҳурии Озарбойҷон (AZPROMO) Юсиф Абдуллаев баргузор гашт.
Зимни вохурӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иштирок дар форумҳо ва намоишгоҳҳои сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон, инчунин масъалаҳои марбут ба ҷалби сармоягузорӣ ва афзоиш додани ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар баррасӣ гардиданд.


