«Chakan Fashion Show: Мероси анъанаҳо дар тули асрҳо»-бахшида ба Иди байналмилалии Навруз

10.04.2026 14:43

7 апрели соли 2026 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар меҳмонхонаи “Fairmont Baku” ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Chakan Fashion Show: Мероси анъанаҳо дар тули асрҳо» доир гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии фарҳангӣ тарроҳони боистеъдоди тоҷик – Хуршед Сатторов, Вайс Асоев ва Сулҳия Ғуломова бо намоиши коллекқияҳои “Чакан”, “Нури Бадахшон” ва “Навои Хуросон”, ки тараннумгари ҳунару маҳорати баланди мероси фарҳангу ҳунари миллии тоҷикон мебошанд, муаррифӣ намуданд.

Ҳамзамон дар чорабинӣ барои меҳмонон дастархони идона иборат аз ҳафт син ва ҳафт шин ороста шуда, суруду таронаҳои дилнишини санъаткорони маъруфи тоҷик Ҷаҳонгир Зарипов ва сарояндаи хизматнишондодаи Тоҷикистон, шашмақомсаро Хуршед Иброҳимов писанди тамошобинони сершумори озарбойҷонӣ гардида, сурудҳои дилнишини сарояндаи халқии Озарбойҷон Гулянак Маммедова ва рақсҳои тоҷикии гуруҳи рақсии Академияи хореографии Боку таҳти роҳбарии хареограф Вусала Бабаева ва гуруҳи рақсии Донишгоҳи “Хазар” таҳти роҳбарии Ханум Керимзаде, таъби ҳозиринро шод намуданд.

Сафири Тоҷикистон зимни сухани табрикии хеш иброз дошт, ки Иди байналмилалии Навруз ҳамчун мероси ғании маънавӣ ва фарҳангии миллатҳо, мардуми дусту бародари тоҷику озарӣ ва дигар кишварҳои ҳамсояро муттаҳид месозад. Иди Навруз ин рамзи оғози баҳор ва эҳёи табиат буда, мардумро ба ҳамдиливу созандагӣ ва ҳамбастагии халқиятҳо даъват менамояд.

Қобили зикр аст, ки дар чорабинии фарҳангӣ меҳмонон аз намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, мақомотҳои расмӣ ва вазорату идораҳои мухталифи кишвари иқомат, вакилони Маҷлиси миллӣ ва аҳли зиё, ҳамватанони бурунмарзӣ ва донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Озарбойҷон, иштирок намуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg