Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрии 7-уми вазирони СҲИ оид ба сайёҳӣ

30.04.2026 14:49

29 апрели соли 2026 дар шаҳри Шушаи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи 7-уми вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба сайёҳӣ доир гардид, ки дар доираи он эъломияи Шуша кабул гардида, шаҳри Шуша расман хамчун пойтахти сайёҳии СҲИ 2026 эълон гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур сафири Чумхурии Точикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илхом Абдурахмон ва коршиноси Кумитаи рушди сайёҳӣ намояндагӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои рушди устувори сайёҳӣ, гуногунсозии самтҳои сайёҳӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи барнома ҳамчунин Фестивали хӯрокҳои миллии кишвархои узви СҲИ баргузор гардид, ки дар он намунаи гуногуни таомҳои миллии кишварҳо муаррифӣ гардиданд. Ошпазони моҳири тоҷик аз Маркази оши шаҳри Душанбе таомҳои анъанавии миллиро ба меҳмонон пешкаш намуда, баҳои баланди иштирокчиёнро сазовор шуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg