6 майи соли 2026 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Маркази таҳлили муносибатҳои байналмилалӣ дар шаҳри Боку брифинг доир ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки 25–28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, доир намуд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон иштирокчиёнро дар бораи раванди омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, иттилоъ дода, ҳадафҳо ва самтҳои асосии онро шарҳ дод.
Инчунин, Сафир аҳамияти муттаҳидсозии талошҳои байналмилалиро дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои об ва рушди устувор махсус таъкид намуда, зикр кард, ки Конфронси дарпешистода минбари муҳим барои муколама, мубодилаи таҷриба ва таҳияи роҳҳалҳои амалӣ оид ба масъалаҳои мубрами об ва иқлим хоҳад гардид. Ҳамзамон ба барномаи чорабинӣ, ки ҷаласаҳои мавзӯӣ, чорабиниҳои канорӣ, форумҳо ва барномаҳоии фарҳангиро дар бар мегирад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар брифинг намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон, роҳбарони ҳайати дипломатии муқими Озарбойҷон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.




