Вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон

16.05.2026 15:01

14 майи соли 2026 вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон Адалат Мурадов баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳо миёни Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи ташаббусҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, ҷалби донишҷуёни тоҷик барои таҳсил дар Донишгоҳи мазкур ва даъвати устодон ва профессорони кафедраҳо барои гузаронидани лексияҳо, ки ба баланд бардоштани сифати таълим ва табодули таҷриба мусоидат мекунад баррасӣ гардиданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg