Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми умумиҷаҳонии шаҳрсозӣ

19.05.2026 15:06

Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Низом Юсуфӣ рӯзҳои 17–18 майи соли ҷорӣ дар Вохӯрии сатҳи баланди вазирон ва маросими расмии ифтитоҳи Форуми умумиҷаҳонии шаҳрсозӣ (World Urban Forum – WUF13), ки таҳти сарпарастии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маҳалҳои аҳолинишин (UN-Habitat) дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мегардад, ширкат варзид.

Дар ҷараёни Вохӯрии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои мубрами рушди устувори шаҳрҳо, татбиқи равишҳои муосир дар соҳаи шаҳрсозӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти шаҳрсозии устувор мубодилаи афкор сурат гирифт.

Инчунин иштироки намояндагони Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ, баҳсҳои панелӣ ва мулоқотҳои дуҷониба бахшида ба масоили шаҳрсозӣ, ки дар доираи Форум гузаронида мешаванд, дар назар дошта шудааст.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg