20 майи соли 2026 Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Али Асадов ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонали Усмонзода ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро, аз ҷумла масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки 21 майи соли 2026 дар шаҳри Баку баргузор мегардад, зоҳир карда шуд. Дар ин замина, аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкории амалӣ миёни ду кишвар ва татбиқи тавофуқоти ҳосилшуда таъкид гардид.
Ҷонибҳо аз рушди пайвастаи муносибатҳои дуҷониба, ки бар пояи дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва шарикии стратегӣ бунёд ёфтаанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
