Форуми соҳибкории Тоҷикистону Озарбойҷон

22.05.2026 15:25

22 майи соли 2026 дар Маркази тиҷоратии шаҳри Боку Форуми соҳибкории Тоҷикистону Озарбойҷон бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, идораҳои соҳавӣ, инчунин доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.

Чорабинӣ дар доираи ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ташкил гардида, ба рушди робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории ду кишвар, густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва баррасии дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак равона гардид.

Дар ҷараёни форум ба иштирокчиён оид ба иқтидори сармоягузорию иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин имтиёзҳои андозӣ ва дигар сабукиҳое, ки барои соҳибкорон пешбинӣ шудаанд, маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Дар ин росто, аҳамияти таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳо мушаххас дар бахшҳои гуногуни иқтисод таъкид карда шуд.

Дар доираи суханрониҳо инчунин рӯнамо ва видеонаворҳо оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ, самтҳои афзалиятноки рушди иқтисод ва лоиҳаҳои дурнамодори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Дар анҷоми форум бо иштироки намояндагони қариб 80 ширкату корхонаҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон мулоқотҳои дуҷониба дар қолаби B2B доир гардид. Аз натиҷа миёни корхонаву ширкатҳои ду кишвар оид ба омӯзиш ва пешбурди лоиҳаҳои муштараки тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ як қатор тавофуқҳо ҳосил шуда, шартномаҳои дуҷониба ба имзо расонида шуданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg