Нишасти матбуотии Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон

24.01.2020 03:35

23 январи 2020 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боку нишасти матбуотии Сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Озарбойҷон, аз қабили “ТРЕНД”, “Дейаз”, “Азертаҷ”, “Репорт”, “Спутник”, инчунин “СБС-ТВ”, “Лидер-ТВ”, “АПА-ТВ”, “МИР-ТВ” ва ғайра иштирок намуданд.

Зимни нишаст Сафири Тоҷикистон роҷеъ ба пешрафту дастовардҳои кишвар дар соли 2019 ва нақши мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими давлату давлатдорӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва амну суботи фарогир дар кишвар, инчунин татбиқи барномаҳои созанда дар кишвар, ҳарф зад.

Сафир ҳамчунин, ба таври муфассал дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон, суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ аз ҷониби Сафири кишвар ба пурсишҳои намояндагони васоити ахбори оммаи кишвари иқомат ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Инчунин дар рафти вохӯрӣ наворҳо дар бораи дастовардҳои даврони истиқлолият ва таъриху фарҳанг ва сайёҳии кишвар намоиш дода шуд.

01-1.jpg

02-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg