Рӯзи 14 феврали соли 2020 Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Вазири экология ва захираҳои табии Ҷумҳурии Озарбойҷон Мухтар Бабаев мулоқот намуд.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, пешгирии паёмадҳои вобаста ба иқлим таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ҳамзамон мусоҳибон роҳҳо ва механизмҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣро оид ба масъалаҳои баррасишуда баррасӣ намуданд.
