Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Озарбойҷон иқомат мекунанд, мерасонад, ки рӯзи 1 марти соли 2020 аз соати 08:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар бинои Сафорат воқеъ дар шаҳри Боку, маҳаллаи Бодомдор, кӯчаи Баглар, паскӯчаи 2, хонаи 20 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ба ин муносибат, аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, эҳтиромона даъват ба амал меояд, ки дар интихоботи мазкур иштирок намоянд.
Тел.: (+994 12) 502 14 32
E-mail: tajembbaku@mfa.tj