21 феврали соли 2020 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Дабири кулли Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА Асет Асавбаев, баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо барномаи ТРАСЕКА доир ба масъалаҳои густариши савдо, афзоиши имкониятҳои транзитӣ ва рушди нақлиёти автомобилии байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт.
Ҳамчунин иштироки васеътари барномаи ТРАСЕКА дар бунёди роҳҳои нав ва навсозии роҳҳои мавҷудаи автомобилии Тоҷикистон бо пайвастани онҳо бо шабакаҳои нақлиётии дигар кишварҳои минтақа мувофиқи матлаб дониста шуд.
