Ба диққати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Озарбойҷон ва Гурҷистон қарор доранд

17.03.2020 15:36

Ҳамватанони азиз,

Бо назардошти раванди авҷу хуруҷи бемории “коронавирус COVID-19” дар аксари кишварҳои олам ва эълон гардидани ҳамагирии ҷаҳонӣ (пандемия) аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии беҳдошт, мақомоти марбутаи Озарбойҷон ва Гурҷистон низ як қатор чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирӣ намудани паҳншавии COVID-19 амалӣ намуда истодаанд. 

Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки чораҳои пешгирикунандаи мазкур ва қоидаҳои будубоши кишвари маҳалли иқоматро риоя намуда, аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам худдорӣ варзед.

Ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилиҳо метавонед ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муроҷиат намоед.

 

Суроға: ш.Боку, Бадамдар, кӯчаи Баглар, паскӯчаи 2, 20

Тел.: (+994 12) 502-14-32,

(+994) 50 235 11 83,

(+994) 50 207 41 49,

(+994) 50 406 15 11

E-mail: tajembbaku@mfa.tj

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg