11 октябри соли 2020, соати 6:00 ба вақти Боку, дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар бинои он участкаи интихоботии ҳавзаи якмандатии No3 ҷойгир аст, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Аввалин шуда дар интихобот кормандони Сафорати Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Барои инъикоси раванди интихобот, дар Сафорат рӯзноманигорони шабакаи телевизионии «Мир» ба қайд гирифта шуд.
Интихобот то соати 20.00 ба вақти Боку баргузор мегардад.