22 октябри соли 2020 вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Прокурори генралии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба ҷанбаҳои амалии ҳамкориҳои тарафайн вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноӣ, истирдод, мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои ҳамкориҳои ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

