30.11.2019 12:17
«Хизматрасониҳои консулӣ»
Бахши консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия дар доираи салоҳияти худ хизматрасониҳои зеринро пешниҳод мекунад:
- коркард ва судури раводиди Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ;
- ҷамъоварии маълумоти биометрии шаҳрвандони Тоҷикистон барои барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ;
- судури шаҳодатномаи таваллуд ва шаҳодатномаи акди никоҳ;
- баррасии аризаҳои шаҳрвандон оид ба дархости аснодҳо, маълумотномаҳо;
- баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Тоҷикистон;
- судури шаҳодатномаи бозгашт ба Тоҷикистон;
- таъйиди ҳуҷҷатҳо ва хизматрасониҳои нотариалӣ (дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон);
Ҳамаи дархосту ҳуҷҷатҳои вобаста ба хизматрасониҳои консулӣ бояд мустақиман ба бахши консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин, ба суроғаи зерин ирсол гарданд Perlebergerstraße 43, 10559 Berlin.
Эзоҳ: Дархостҳо вобаста ба хизматрасониҳои консулӣ дар рузҳои корӣ (Сешанбе – Ҷумъа аз соати 10:00 то 12:00 ва аз 14:00 то 17:00, ба ғайр аз рӯзи Душанбе) қабул карда мешаванд.
- Зангҳои телефонӣ ба бахши консулӣ дар рузҳои корӣ (Сешанбе – Ҷумъа аз соати 14:00 то 16:00) қабул карда мешаванд.