Боздид аз қароргоҳи “Airbus” ва “Euler Hermes” дар Ҳамбург

02.04.2022 13:57

Бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Олмон силсилаи вохӯриҳои ҳайати иқтисодии кишвар иборат аз роҳбарияти ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Тавҳидбонк” ва ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” бо мақсади рушд ва таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо ширкатҳои бонуфузи олмонӣ танзим шуда истодаанд.

Ниҳодҳои бонкӣ ва ширкати ҳавонавардии ватанӣ дар якҷоягӣ бо Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов нахуст дар Форуми иқтисодии Наврӯз дар Ҳамбург иштирок карда, дар ҳошияи он бо шарикони олмонӣ роҷеъ ба роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои мухталиф табодули афкор анҷом доданд.

31 марти соли 2022 ҷиҳати имкони рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ бо Мудири кулли ширкати бонуфузи “Airbus Operations GmbH” Гуннар Грос мулоқот сурат гирифт.

Ҳайати тоҷикистонӣ дар баробари огаҳӣ ёфтан аз фаъолияти гуногунҷанбаи “Airbus Operations GmbH”, ҳамчунин аз раванди корҳои истеҳсолии ҳавопаймоҳои тамғаҳои мухталифи мусофиркаши оилаи “Аэробус” шиносоӣ пайдо намуд.

Маврид ба зикр аст, ки “Airbus” яке аз бузургтарин ширкатҳои истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳои мусофирбар, боркаш ва низомӣ дар ҷаҳон буда, корхонаи марказии истеҳсолии он дар шаҳри Тулузаи Фаронса ҷойгир мебошад. Дар “Airbus” ҳудуди 133 ҳазор нафар кор мекунанд, ки аз ин шумора 12.500 нафар ба Ҳамбург рост меоянд.

Худи ҳамон рӯз вохӯрии дигар бо роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии “Euler Hermes”, аз ҷумла сардори раёсати суғуртакунӣ ва идораи хавфҳо Ян-Филипп Апкин ва мушовири калон оид ба масъалаҳои ҳамлу нақл Бертҳолд Ройтер вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъда анҷом дода шуд.

Ҷамъияти “Euler Hermes” кафили қарзҳои содиротиро барои соҳибкорон ҷиҳати бозбинии рейтинги иқтисодии кишварҳо дар раддабандиҳо, ҳамчунин кафолатҳои бонкиро барои амалиётҳои тиҷоратӣ пешниҳод мекунад.

Бояд қайд кард, ки ҳадафи вохӯриҳои ҳайати тоҷикистонӣ бо ашхоси расмии мақомоти давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ, қабл аз ҳама шиносоӣ бо бозори дохилии Олмон ва роҳандозии робитаҳои мустақими корӣ маҳсуб меёбад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg