Вохӯрӣ бо роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Мюнхен

05.04.2022 16:58

4 апрели соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов ва ҳайати Тоҷикистон бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳои мутақобиланд судманд бо роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Мюнхен ба номи Франс-Йозеф-Штраус (Flughafen München „Franz-Josef-Strauß“) ва як қатор намояндагони ширкатҳои хизматрасонии ҳавопаймоӣ мулоқот анҷом доданд.

Тарафҳо доираи васеи масъалаҳои густариши робитаҳои минбаъдаро бо ҷониби олмонӣ мавриди муҳокима қарор дода, барои татбиқи нақшаҳои муштарак изҳори мувофиқат карданд.

Фурудгоҳи байналмилалии ба номи “Франс-Йозеф-Штраус” дуюмин бузургтарин фурудгоҳи Олмон дар устони федеролии Бавария ҷойгир буда, соли 1992 дар масофаи 29 км дар шимолу шарқи Мюнхен сохта шудааст.

Ҷуғрофияи парвозҳо аз Мюнхен ба 200 самт ва 70 кишварҳои мухталиф анҷом ёфта, фурудгоҳ ҳудуди 38.090 нафар корманд дорад. Фурудгоҳ аз 2 Терминал иборат буда, Терминали 1 дорои зарфияти хизматрасонии солонаи 17 миллион ва Терминали 2 ба 36 миллион мусофир мебошад.

WhatsApp-Image-2022-04-05-at-15-40-46-1.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg