Мулоқоти Сафир дар Бунёди Конрад-Аденауэр

06.04.2022 11:18

5 апрели соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо раиси Бунёди Конрад-Аденауэр, собиқ Президенти Бундестаги Олмон (2005-2017) профессор Норберт Ламмерт вохӯрӣ намуд.

Мусоҳибон ба густариши ҳамкориҳои баъдӣ, аз ҷумла татбиқи барномаву лоиҳаҳо дар якҷоягӣ бо намояндагии Бунёди Конрад-Аденауэр дар Осиёи Марказиро баррасӣ ва ба масъалаҳои минтақавӣ тамаркуз карданд.

Дар мулоқот даъватнома ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028, ки 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор мегардад, супорида шуд.

Бунёди зикрёфта ба номи якумин Канслери Ҷумҳурии Федеративии Олмон, сиёсатмадори варзида Конрад Аденауэр гузошта шуда, ҳамчун муассисаи сиёсӣ ба яке аз ҳизбҳои бонуфузтарини Олмон - Иттиҳоди Масеҳӣ-Демократӣ (CDU) марбут мебошад. Бунёд тақрибан дар 100 кишвари ҷаҳон намояндагӣ ва 111 дафтар дорад.

 

0123564h.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg