27 апрели соли 2022 Сафир Имомудин Сатторов дар бинои Бундестаг дар мизи мудаввари Шӯрои хориҷӣ оид ба робитаҳои иқтисодӣ (Foreign Council on Economic Relations) суханронӣ ва бо гурӯҳи вакилони Бундестаги Олмон мулоқот кард.
Дар ин нишаст Сафири Тоҷикистон таваҷҷуҳи вакилони олмониро роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Олмон ва фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ байни кишварҳо ҷалб намуд.
Ҳамчунин, миёни иштирокчиён дар хусуси тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла ҷалби бештари сармояи олмонӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар, рушди соҳаи гидроэнергетика ва атрофи масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳониву минтақавӣ табодули андеша сурат гирифт.
Дар акс – др. Ҳанс-Петер Фридрих, собиқ Вазири федеролии корҳои дохилӣ солҳои 2011-2013, Вазири федеролии озуқа ва кишоварзӣ 2013-2014 ва солҳои 2017-2021 ноиби Президенти Буденстаги Олмон.