28 апрели соли 2022 Сафир Имомудин Сатторов дар ҳошияи маросими муаррифии Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпӣ, ки дар давраи 17-25 июни соли 2023 дар шаҳри Берлин баргузор мешавад, бо Сенатори Берлин оид ба корҳои дохилӣ, рақамикунонӣ ва варзиш хонум Ирис Шпрангер мулоқот анҷом дод.
Ҳамсуҳбатон дар баробари баррасии паҳлӯҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷониба, омодагии худро ба рушди минбаъдаи робитаҳо миёни намояндагии дипломатӣ ва шаҳрдории Берлин иброз доштанд.
Тавре маълум гардид, ки дар Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпӣ 7000 варзишгарони риштаи варзиши сабуки дорои маълулияти рӯҳӣ ва шадиди зеҳнӣ иборат аз 170 ҳайати кишварҳои мухталиф дар 26 намуди варзиш баромад хоҳанд кард. Варзишгаронро ҳудуди 3000 парастор ва 12.000 аъзои оилаашон ҳамроҳӣ намуда, ба чорабинӣ зиёда аз 20.000 ризокорон ҷалб мегарданд.
Мутобиқи иттилои Кумитаи тадорукот иштироки ҳайати варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпии Берлин - 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Лозим ба таъкид аст, ки нахустин Бозиҳои махусуси байналмилалии олимпӣ соли 1968 дар Чикаго доир шуда, ҳамакнун мусобиқаҳо дар чор сол як маротиба дар кишварҳои мухталиф гузаронида мешаванд.
Тафсилоти мавзӯъ зери пайванди https://www.berlin2023.org/ қобили дарёфт мебошад.