Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон

07.05.2022 14:42

6 майи соли 2022 даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардиданд.

Ҳайатҳои тарафҳоро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Маттиас Люттенберг роҳбарӣ карданд.

Дар рафти муколама ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, энергетика ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон табодули назар карданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg