10 майи соли 2022 бо ташаббуси Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар музофотҳои федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн, Ҳукумати Ҳамбург ва Сафорати Тоҷикистон дар Олмон 9-умин “Шоми дарҳои кушодаи консулгариҳо” баргузор гардид, ки дар он Сафир Имомудин Сатторов иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони бахши сиёсӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла роҳбари Хадамоти давлатии Дафтари Сенати Ҳамбург хонум Коринна Ниеншдет, масъулини палатаҳои савдо ва саноат дар он минтақа, сармоягузорони эҳтимолӣ, ҳамчунин доираҳои фарҳангӣ, хабарнигорон, корпуси дипломатӣ, вакилони парлумони устони федеролии Ҳамбург, ҳаммеҳанон ва донишҷӯёни тоҷик ҳузур доштанд.
Имомудин Сатторов дар баромади худ диққати меҳмононро ба рушди муносибатҳо гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон тайи 30 соли истиқрори робитаҳои дипломатӣ, ҳамчунин нақши боризи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ҷалб намуд.
Ба ҷамъомадагон дар бораи имконият ва зарфиятҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, гидроэнергетикӣ ва сайёҳӣ дар Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод гардида, ҳамзамон филмҳо дар бораи дастовардҳои кишвари мо намоиш ва маводи мухтлафи таблиғотӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар идомаи нишаст бостоншиноси олмонӣ хонум Штефани Кирхерер, ки солҳои 2011-2014 дар Тоҷикистон корҳои тадқиқотӣ гузаронидааст бо маърӯзаи пурмӯҳтавои худ “Қуллаҳои осмонбӯс, водиҳои хушманзара, мардуми самимӣ – ду сол дар меҳмонии сарзамини дилфиреб” аз хотираву бардоштҳои ҷолиби даврони фаъолияташ нақл кард.
Штефани Кирхерер таъкид дошт, ки мардуми тоҷик ҳамчун халқи меҳмондӯсту меҳмоннавоз дар байни халқҳои ҷаҳон шинохта шудаанд. Бинобар ин, аз иштирокдорон барои боздид аз Тоҷикистон, ки дар онҷо “Меҳмонро атои Худо” мегӯянд, даъват ба амал овард.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштироккунандагон ба саволҳои хеш вобаста ба мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ посухҳои мушаххас гирифтанд.