12 майи соли 2022 Сафир Имомудин Сатторов бо Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон оид ба сиёсати фарҳангӣ Ирмгард Мариа Феллнер вохӯрӣ намуд.
Дар мулоқот масъалаи тақкиму тақвият ва фаъолсозии ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои илм, фарҳанг, маориф, ба вежа имкони танзими силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ дар соли 2022 бахшида ба 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуданд.