Баррасии ҳамкориҳо дар Бундестаги Олмон

31.05.2022 18:48

31 майи соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомуддин Сатторов дар нахустин мулоқоти Гурӯҳи навтаъсиси байнипарлумонии “Олмон-Осиёи Марказӣ ва Муғулистон” дар Бундестаги Олмон иштирок намуд.

Зимни вохӯрӣ дар баробари дигар мавзӯъҳо, ҳамчунин вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба густариши муносибатҳои мутақобилан судманд дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амниятӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Имомудин Сатторов ба вакилони Бундестаги Олмон вобаста ба рушди Тоҷикистон дар тӯли 30 соли даврони соҳибистиқлолӣ маълумот пешниҳод карда, хостори тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ шуд.

Сафир ҳамчунин ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таҳкими сулҳу субот дар минтақа, ҳифзи захираҳои об, пиряхҳо, иқлим дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ нигаронида шудаанд, тамаркуз кард.

Ҳамзамон, дар атрофи мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн ва байналмилалӣ мубодилаи афкори судманд ҷараён гирифт.

31-05-2022.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg