Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар бахши сайёҳӣ

17.06.2022 13:33

15 июни соли 2022 Сафир Имомудин Сатторов бо роҳбари Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ (ITB Berlin) Давид Рютс вохӯрӣ намуд.

Ҷонибҳо иқтидор ва имконоти гардишгарии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкорҳои баъдӣ дар ин самт ва таблиғи муштараки бахши сайёҳӣ изҳор доштанд.

Сафири кишвар изҳор дошт, ки Тоҷикистон барои рушди бахши сайёҳӣ мероси бузурги фарҳангию таърихӣ, мавқеи муносиби ҷуғрофӣ ва манзараҳои дилфиреб дорад. Бинобар ин, барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ шуруъ аз 1 январи соли 2022  низоми бераводиди яктарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 52 кишварҳо ҷорӣ ва аз 6 июни соли равон парвози мустақим дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе роҳандозӣ гардид.

Дар идомаи гуфтугӯ сатҳи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ITB Berlin-2023 ва тадорукоти марбут ба он мушаххас карда шуд.

Тибқи иттилои Давид Рютс баргузории Намоишгоҳи навбатии байналмилалии сайёҳии  “ITB Berlin” дар давраи 7-9 марти соли 2023 дар Маҷмаи намоишгоҳии „Messe Berlin“ ба нақша гирифта шудааст. 

WhatsApp-Image-2022-06-17-at-13-11-21.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg