Иштирок дар сафари шиносоӣ-иттилоотӣ ба Бавария бо Президенти федеролӣ

07.07.2022 13:13

5 июли соли 2022 Сафир Имомудин Сатторов ҳамроҳ бо Президенти федеролӣ Франк-Валтер Штайнмайер ва роҳбарони намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Олмон дар сафари шиносоӣ-иттилоотӣ ба устони федеролии Бавария иштирок намуд.

Дар ин сафар дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ бо Президенти федеролӣ нахуст аз корхонаи “Leistritz AG”-и шаҳри Нрюнберг, ки фаъолияти он ба истеҳсоли  турбинаҳо, насосҳо, таҷҳизоти экструзӣ ва технология истеҳсолот равона гардидааст, дидан карданд.

Ҳамзамон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ дар шаҳри Эрланген аз Пажӯҳишгоҳи илмии Ҳелмголтс Эрланген-Нюрнберг оид ​​ба нерӯи таҷдидпазир, дар шаҳри Нюрнберг аз Осорхонаи миллии Олмон ва мавзеъҳои таърихии шаҳри Бамберг боздид ба амал оварданд.

Маълумот: Шуруъ аз соли 1996 Президентҳои федеролӣ ҳар сол сафари шиносоӣ-иттилоотиро ҳамроҳ бо роҳбарони намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба яке аз 16 устонҳои федеролӣ ташкил мекунанд. Ҳадафи чунин боздидҳо муаррифии Олмон ва гуногунии минтақаҳои он ба дипломатҳои хориҷӣ маҳсуб меёбад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg