26 июли соли 2022 Сафир Имомудин Сатторов бо Президенти “Open International Dialogue”, Мудири минтақавии Иттиҳодияи соҳибкории миёнаи озоди Берлин (Liberaler Mittelstand Berlin) Кристиан Гроссе мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ масоили марбут ба тақвияти ҳамкориҳои баъдӣ миёни доираҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон оид ба дурнамои рушди муносибатҳо бо “Open International Dialogue” ва Иттиҳодияи соҳибкории миёнаи озоди Берлин дар соҳаҳои мухталиф, инчунин дар атрофи масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар марҳилаҳои навбатӣ барои танзими чорабиниҳои муштарак, аз ҷумла муаррифии имкониятҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ҳамчунин танзими сафарҳои мутақобилаи соҳибкорони ду кишвар иқдом хоҳанд кард.
Маълумотнома: Open International Dialogue (OID) мақараш дар Берлин, ҳамчун платформаи байналмилалӣ барои пешбурди муколамаи мустақим байни бахшҳои сиёсат, тиҷорат, санъат, фарҳанг, варзиш, маориф, илм ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад.
Liberaler Mittelstand Berlin - иттиҳодияи тиҷоратӣ буда, айни замон ҳудуди 1100 субъектҳои соҳибкории хурду миёнаро дар қаламрави Олмон дорад.