14 октябри соли 2022 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо муовини мудири кулли Иттиҳодияи палатаҳои савдо ва саноати Олмон Фолкер Трайер мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои иқтисод ва сармоягузорӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, тарафҳо ҷиҳати андешидани тадбирҳои амалӣ вобаста ба рушди ҳамкориҳои минбаъда ва муаррифии бештари фазои сармоягузориву имкониятҳои иқтисодии Тоҷикистон ба ширкатҳои олмонӣ изҳори мувофиқат карданд.
Барои маълумот: Иттиҳодияи палатаҳои савдо ва саноати Олмон (DIHK) ташкилоти чатри 79 палатаҳои саноат ва савдо (IHKs) буда, дар маҷмӯъ ҳудуди се миллион ширкатҳо дар бахшҳои саноат, савдо, хизматрасонӣ ва корпоратсияҳо аъзои он ба шумор мераванд. Илова бар ин, DIHK фаъолияти шабакаи палатаҳои савдои хориҷиро (AHKs) бо зиёда аз 140 дафтарҳо дар 94 кишвари ҷаҳон ҳамоҳанг мекунад.
Ҳанӯз 125 сол қабл аз замони таъсиси нахустин Палатаи саноат ва савдо (AHK), ин ниҳод бо 140 намояндагиҳои худ дар 90 кишвари дунё ҷиҳати пешбарии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои олмонӣ мусоидат кардааст.