Омодагии Тоҷикистон ва Нидерланд барои иқдомҳои муштарак дар Берлин

19.10.2022 17:57

18 октябри соли 2022 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо Сафири Шоҳигарии Нидерланд дар Олмон Роналд ван Роден доир шуд.  

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Нидерланд дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.

Сафири Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳамтои нидерландии худро ба вазъи кунунии минтақа ва ташаббусҳои байналмилалии кишвари мо дар соҳаи об, пешгирии зуҳуроти тағйирёбии иқлим ва наҷоти пиряхҳо ҷалб намуд.

Дар ин маврид, ҳамсӯҳбатон роҷеъ ба ҳамкории судманди мутақобилаи Тоҷикистону Нидерланд дар чаҳорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ба вежа Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки баргузории 22-24 марти 2023 дар Ню-Йорк ба нақша гирифта шудааст, ибрози назар карданд.

Дар фароварди гуфтугӯ миёни сафирон вобаста ба танзими чорабинии муштарак дар шаҳри Берлин ҷиҳати муаррифии ҳадафҳои Конфронси дарпешистода мувофиқа ба даст омад.

Bezimyannii-1.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg