21 ноябри соли 2022 мулоқоти Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Вазири давлатии Вазорати федеролии корҳои хориҷии Тобиас Линднер баргузор гардид.
Ҳамсӯҳбатон бо ишора ба имконияту зарфиятҳои мавҷудаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Олмон, ҳавасмандии худро ба таҳкиму тавсеаи ҳарчи бештари онҳо дар заминаҳои мухталиф изҳор карданд.
Зарурати рушди ҳамкориҳои минбаъда дар бахшҳои гуногун таъкид гардида, вобаста ба шарокати ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин вазъи кунунии минтақа табодули афкор сурат гирифт.