Вохӯрии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати федеролии иқтисод ва ҳизфи иқлими Олмон

24.11.2022 17:34

21 ноябри соли 2022 Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Котиби давлатии Вазорати федеролии иқтисод ва ҳифзи иқлими Олмон Удо Филипп вохӯрӣ намуд.

Аснои дидор дар робита ба густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби бештари сармояи олмонӣ ба соҳаҳои гуногуни кишвар, танзими чорабиниҳои муштарак, роҳандозии ҳамкориҳо дар самти пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва ташаббусҳои байналмилии Тоҷикистон гуфтугӯ сурат гирифт.

Ҳайатҳо бо инобати имконият ва зарфиятҳои фаровони Тоҷикистон тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаро дар бахшҳои энергетика, манбаъҳои нерӯи таҷдидпазир, иқтисоди сабз, канданиҳои фоиданок, коркарди ашёи хом бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷалби сармояи олмонӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои зарур шумориданд.

316828807-3236046903377215-1418165451822531357-n.jpg

316542604-3236046876710551-5565867727882404901-n.jpg

316129332-3236046886710550-811691803606081667-n.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg