Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон дар Вазорати федеролии озуқаворӣ кишоварзии Олмон вохӯрӣ намуд

24.11.2022 17:47

21 ноябри соли 2022 Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Котиби давлатии Вазорати федеролии озуқаворӣ ва кишоварзии Олмон хонум Опелиа Ник вохӯрӣ намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷалби сармояи олмонӣ ба бахши агросаноатии Тоҷикистон ва роҳандозии ҳамкории мустақим байни бахшҳои хусусии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Тарафҳо роҷеъ ба истифодаи технологияи пешқадами Олмон ҷиҳати коркарди маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаю хушсифати Тоҷикистон ва иштироки ҳайати кишвар дар Намоишгоҳи байналмилалии “Ҳафтаи Сабзи Берлин 2023” табодули андеша карданд.

316274987-3236053593376546-5650440638889791835-n.jpg

315978819-3236053603376545-3728912045959261471-n.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg