8 декабри соли 2022 дар шаҳри Париж дар чаҳорчӯби Ҳамоиши СММ-об оид ба обҳои зеризаминӣ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ Шамила Наир-Бедуэлле мулоқот намуд.
Дар рафти он мавзӯҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ роҷеъ ба об ва иқлим матраҳ шуд.
Шамила Наир-Бедуэлле ба нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои глобалии об баҳои баланд дод.