Бо мақсади гиромидошти хотираи неки роҳбари Агентии энергетикии Олмон (dena) марҳум Штефан Колер дар арафи ҷашни 70-солагии зодрӯзи ӯ китоби “Аз дигоҳ ба воқеият“ бахшида ба кору фаъолияти пурсамари номбурда интишор ёфт.
Китоби мазкур 24 мақолаи нафарони бо Штефан Колер ҳамкориҳои наздик доштаро дар мавзӯъҳои тадриҷан барҳам додани нерӯи ҳастаӣ, раванди гузариш ба энергияи сабз, ҳамкориҳои фаромиллӣ, фаъолияти Агентии энергетикии Олмон, сиёсати энергетикӣ ва иқтисодӣ, пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим, бартарияти манбаъҳои нерӯи таҷдидпазир ва ғайраҳо ба ҳам гирд овардааст.
Муаллифони мақолаҳо Президенти федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер, собиқ ноиби Канслери федеролӣ, Вазири федеролии иқтисоду энергетика ва Вазири федеролии корҳои хориҷии Олмон Зигмар Габриэл, нахустин Президенти Роҳи оҳани федеролӣ (Deutsche Bundesbahn) Ҳайнтс Дюрр, ҳаммуассиси ташкилоти экологии “GreenPeace”-и Олмон, Моника Грифан, сиёсатмадор Алфред Таке, профессори калони Донишгоҳи Леупанаи Люнебург оид ба тадқиқоти устуворӣ Герд Михелсен, собиқ раиси Шӯрои назорати оператори неругоҳи электрикии “STEAG”, ҳамчунин Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов ва дигарон мебошанд.
Бо мақсади муаррифии ҳарчи бештари иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон, ташаббусҳои глобалии кишвар дар соҳаи об, татбиқи энергияи сабз ва даъвати доираҳои олмонӣ барои ҳамкории судманд дар ин самт, мақолаи Сафири Тоҷикистон ба мавзӯи “Зарфиятҳои энергетикии Тоҷикистон ва дурнамои рушди ҳамкориҳои минбаъда” бахшида. Мақола аз панҷ зермавзӯъ иборат аст:
Гидроэнергетика ҳамчун манбаи марказии об;
НБО “Роғун”;
Зарфиятҳои нерӯи офтобӣ ва бодӣ;
Раванди ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ;
Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон.
Дар мақола қайд гардидааст, ки таъмини аҳолии кишвар бо энергияи сабз дар афзалияти сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин робита Сарвари давлат аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуда буданд, ки “Бунёди нерӯгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ ҷиҳати таъмини рушди устувор ва боло бурдани сатҳи зиндагии на фақат мардуми Тоҷикистон, балки тамоми минтақа мусоидат менамояд”.
Ҳамчунин, вобаста ба саҳми назарраси Штефан Колер дар амри пешбурди ҳамкориҳо бо Тоҷикистон, аз ҷумлаи мулоқоти пурсамари ӯ бо Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз иншоотҳои гидроэнергетикӣ, Сафири Тоҷикистон чунин ёдовар шудааст:
Вақте мо дар бораи неругоҳи барқи обии “Роғун ҳарф мезанем, чеҳраи беғубору самимии дӯсти муштараки мо, Штефан Колер, собиқ мудири Агентии энергетикии Олмон (dena) ба хотир меояд. Штефан яке аз ҷонибдорони ашаддии бунёди ин иншооти энергетикӣ буд, ки барои Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим ба шумор меравад. Ӯ баъди боздид аз неругоҳҳои барқи обии “Норак” ва “Роғун” таъкид карда буд:
“Баъди боздиди имрӯза аз неругоҳи Норак андешаи ман дар бораи аҳамияти бузурги неругоҳи Роғун, ки дар шароити монанд ба мавзеи Норак бунёд меёбад, боз ҳам қавӣ гардид ва ман минбаъд ширкатҳои олмониро ба иштирок дар татбиқи ин лоиҳа тарғиб хоҳам кард. Минбаъд мардуми Тоҷикистон метавонад маро сафири энергетикаи давлати худ дар Олмон бишуморад. Бинобар ин, иқдомҳои муассири Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ - “Роғун” лоиқи таҳсинанд.
Ҳамчунин, 13 сентябри соли 2013 Агентии энергетикии Олмон (dena) дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои “BAE Batterien GmbH”б “DPU Investment GmbH”, “AEG Power Solutions” ва “Enerparc und Roth & Rau” дар боми собиқ Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дастгоҳи пуркунандаи нерӯи офтобиро бо истифода аз технологияҳои олмонӣ барои истеҳсоли қувваи барқ насб карда буд.
Штефан Колер аз ояндаи НБО “Роғун” ва рушди манбаъҳои нерӯи таҷдидпазир дар Тоҷикистон назари нек дошт ва имрӯз мо мебинем, ки чӣ гуна неругоҳи барқи обӣ барои кишвари мо ва фаротар аз он аҳамияти калон дорад.
Аксҳо аз бойгонӣ