Вохӯрӣ дар Бундестаги Олмон

16.12.2022 16:48

15 декабри соли 2022 Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов дар вохӯрии сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо аъзои Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии “Олмон - Осиёи Марказӣ ва Муғулистон” дар Бундестаг ширкат варзид.

Дар мулоқот Имомудин Сатторов ҳамкориҳои судмандро бо Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ дар рушду тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи дуҷониба байни кишварҳо муҳим арзёбӣ намуд.

Дар ин росто, Сафири Тоҷикистон ба тавсеаи ҳарчи бештари робитаҳо дар самти пешбурди дипломатияи парлумонӣ дар марҳилаҳои баъдӣ изҳори ҳавасмандӣ кард.

319842806-3821859231366459-3961435182794364343-n.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg