Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи “Ҳафтаи байналмилалии Сабз” муаррифӣ шуд

23.01.2023 20:57

Дар давраи 20-29 январи соли 2023 дар маркази намоишгоҳҳои Берлин “Messe Berlin” 87-умин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти кишоварзӣ - “Ҳафтаи байналмилалии сабз” баргузор мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳо имкониятҳои васеи кишоварзиро ба иштирокчиён муаррифӣ мекунад. 

Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Олмон, даъвати Вазорати федеролии  озуқа ва кишоварзии Олмон, ҳамчунин бо мусоидати Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон (GIZ) иштироки ҳайати кишвар дар намоишгоҳ таъмин гардид.  

Ба ҳайати расмии кишвар муовинони Вазири кишоварзӣ, Вазири корҳои хориҷӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нав, муовинони раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии содирот, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуруҳи соҳибкорони ватанӣ шомил буданд.

Маврид ба зикр аст, ки намоишгоҳи “Ҳафтаи Сабз” аз соли 1926 инҷониб ҳамчун майдони муҳими муаррифии маҳсулот ва дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, роҳандозии ҳамкориҳои баъдӣ бо шарикони ба ҳисоб рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба гӯшаи худро дар намоишгоҳ ташкил кард.

Дар гӯшаи Тоҷикистон зиёд аз 160 номгӯи маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ, меваҳои тару тоза ва хушк, афшураҳо, обҳои ташнашикан, ҳамчунин брошюраҳо дар бораи зарфиятҳои кишоварзӣ ва сармоягузорӣ дар ин самт пешкаши тамошобинон гардиданд.

Илова бар ин, ба меҳмонон имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ муаррифӣ шуд.

21 январи соли равон бо даъвати Вазири федеролии озуқа ва кишоварзии Олмон Ҷем Ӯздемир 15-умин Конфронси вазирони кишоварзии Берлин зери унвони “Табдил додани системаҳои озуқаворӣ: вокуниши глобалӣ ба бӯҳронҳои сершумор” баргузор гардид, ки дар он ҳудуди 70 вазирони кишоварзӣ ва намояндагони 14 созмонҳои байналмилалӣ ҳузур доштанд. Аз натиҷаи Конфронс изҳорот (коммюнике) қабул карда шуд.

Барои маълумот: Намоишгоҳи байналмилалии озуқа ва кишоварзӣ соли 1926 таъсис ёфта, ҳамасола дар шаҳри Берлин таҳти унвони “Ҳафтаи байналмилалии сабз” баргузор мегардад.

Имсол “Ҳафтаи байналмилалии Сабз” маротибаи 88-ум бо масоҳати умумии беш аз       113.000 метри мураббаъ доир шуда, дар он 1400 намоишгарон аз 60 кишварҳои мухталиф маҳсулоти гуногуни озуқаворӣ, ҳайвоноти хонагӣ, чорвои калон, мошинаҳои кишоварзӣ намоиш медиҳанд. Боздиди тақрибан 400.000 тамошобин аз ин  намоишгоҳ дар назар аст.

Шурӯъ аз соли 2008 дар рӯзҳои баргузории намоишгоҳи “Ҳафтаи байналмилалии сабз” Ҳамоиши умумиҷаҳонии озуқа ва кишоварзӣ (Global Forum for Food and Agriculture) доир мегардад. Вазирони кишоварзии давлатҳои мухталиф ва намояндагони доираҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рушди босуботи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дигар мавзӯъҳо мубодилаи афкору таҷриба анҷом медиҳанд.

Дар ҳошияи чорабинӣ намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзони тамоми дунё баргузор гардида, дар натиҷа садҳо қарордоду шартномаҳои нави ҳамкорӣ ва хариду фурӯши маҳсулоти ҳаётан муҳим ба имзо мерасанд.

photo-5359563606074705318-y.jpg

photo-5359563606074705319-y.jpgphoto-5359563606074705303-y.jpg

photo-5359563606074705306-y.jpgphoto-5359563606074705307-y.jpg

photo-5359563606074705308-y.jpgphoto-5359563606074705311-y.jpg

photo-5359563606074705312-y.jpgphoto-5359563606074705316-y.jpg

photo-5359563606074705317-y.jpgphoto-5359563606074705320-y.jpg

photo-5359563606074705322-y.jpgphoto-5359563606074705323-y.jpg

photo-5366272538264585796-x.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg