1 марти соли 2023 дар шаҳри Берлин конгресси солонаи Иттиҳодияи федеролии соҳибкории миёнаи Олмон (BVMW) баргузор гардид, ки дар он ҳудуди 4000 меҳмонон, аз ҷумла сиёсатмадорони варзида, вазирон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Берлин ва намоядагони бахши хусусӣ иштирок доштанд.
Вазири федеролии молия Кристиан Линднер, Вазири федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд Свеня Шултсе, Вазири федеролии меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоӣ Ҳубертус Ҳейл, Вазири федеролии нақлиёт ва зерсохтори рақамии Олмон Волкер Виссинг, ҳамчунин Сарвазири Латвия Артурс Крисянис Каринс ва Дабири кулли САҲА Ҳелга-Мария Шмид ба ҳайси меҳмонони фахрии чорабинӣ маҳсуб ёфтанд.
Дар ҳошияи нишаст вохӯриҳои Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов бо доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва роҳбарони ширкатҳои бонуфузи олмонӣ доир шуд.
Зимни гуфтугӯ вобаста ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули андеша сурат гирифт.
Имомудин Сатторов аз шарикони олмонӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми иқтисодии Тоҷикистону Олмон, ки баргузории он моҳи июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват ба амал овард.
Ҳамчунин, барои 50 намояндагии дипломатии муқими Берлин гӯшаҳои кишварӣ танзим карда шуданд. Дар гӯшаи Тоҷикистон маълумот дар бораи зарфиятҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии кишвар манзури тамошобинон гардид.
Барои маълумот: Иттиҳодияи федералии соҳибкории миёна (BVMW) соли 1975 дар шаҳри Бонн таъсиси ёфта, ҳудуди 900.000 соҳибкорони хурду миёнаи Олмонро муттаҳид менамояд.
Иттиҳодия манфиатҳои 28.000 аъзои худро дар дохил ва хориҷи кишвар муаррифӣ карда, дар гӯшаҳои мухталифи дунё 65 намояндагӣ дорад.