Муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии “ITB Berlin-2023“

10.03.2023 12:06

Рӯзҳои 7-9 марти соли 2023  дар шаҳри Берлин Намоишгоҳи байналмилалии „ITB Berlin-2023“ баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок доштанд.

Дар ҳамкории муштарак байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва муҷтамеи намоишгоҳи “Messe Berlin” гӯшаи сайёҳии кишвари мо зери унвони “Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ” ташкил карда шуд.

Дар гӯшаи Тоҷикистон маводи таблиғотӣ оид имкониятҳои сайёҳӣ, роҳнамо, харитаҳо, варақаҳои иттилоотӣ ва дигар маълумоти мавриди таваҷҷуҳ пешкаши тамошобинону дӯстдорони сайру саёҳат гардид.

Ҳамчунин, дар ҳошияи намоишгоҳ вохӯриҳои роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳои марбутаи олмонӣ ва ширкатҳои мухталиф роҷеъ ба роҳандозӣ ва таҳкиму густариши ҳамкориҳои баъдӣ дар соҳаи гардишгарӣ ва омодасозии мутахассисон дар ин самт танзим шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “ITB Berlin” ҷиҳати муаррифии ҳарчи бештари имконитяҳои сайёҳии кишвар, ҷалби теъдоди зиёди гардишгарон ва тақвияти ҳамкориҳои муфид байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Бояд қайд кард, ки соли 2023 дар “ITB Berlin” ҳудуди 161 кишвар бо 5.500 намоишгарон гӯшаҳои алоҳида таъсис дода, ҳамин тариқ ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ имконот ва хизматрасониҳо худро ба иштирокчиёну коршиносони соҳа муаррифӣ карданд.

330627959-183935277711448-8383717837411304767-n.jpg

335158601-720903036183754-7887878406042300398-n.jpg

330909224-895371645109086-7666150031003844370-n.jpg

330546364-1374555216663861-9218882969577945540-n.jpg 

330460263-1370738723758513-6228329065645048202-n.jpg

330408568-677634307385736-3065842772171500399-n.jpg

330401804-241514011635230-8785166254431769510-n.jpg

330446052-747243156921122-3836750565093254134-n.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg