Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон дар рӯзномаи бонуфузи олмонии “Behörden Spiegel“

20.03.2023 19:26

Дар шумораи моҳи марти рӯзномаи бонуфузи олмонии “Behörden Spiegel” мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов зери унвони  “Мо наздики 100% нерӯи барқи сабз истеҳсол мекунем” ба табъ расид.

Имомудин Сатторов бо рӯзноманигори “Behörden Spiegel“ Петер Слама дар бораи Тоҷикистон, густариши робитаҳои мутақобилан судманд бо Олмон тайи 30 соли истиқрори муносибатҳои дипломатӣ, дурнамои ҳамкориҳои баъдӣ, Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, зарфиятҳои гидроэнергетикӣ, сайёҳӣ ва фаъолияти дипломатӣ суҳбат анҷом дод.

Бо назардошти Конфронси дарпешистодаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (22-24 марти соли 2023, Ню-Йорк) таваҷҷуҳи рӯноманигор ба ин чорабинии муҳим ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим, обшавӣ ва наҷоти пиряхҳо ҷалб гардид.

Илова бар ин, рӯзноманигори олмонӣ бо тарзи тайёр кардани таоми миллӣ – оши палови тоҷикӣ ошно карда шуд.

Маълумотнома: „Behörden Spiegel“ рӯзномаи мустақили байниминтақавии бахши давлатии Олмон шумор рафта, моҳона 103.000 нусха чоп мешавад. Ҳайати роҳбарикунандаи 11.500 маъмурияти мақомоти марбутаи шаҳриву ноҳиявии Олмон ва 350.000 нафар аз ҷумлаи хонандагони доимии рӯзнома маҳсуб меёбанд. Рӯзнома аз соли 1984 чоп шуда, дар шаҳрҳои Берлину Бонн редаксия ва Брюсселу Вена дафтар дорад.

Мақола дар пайванди зер (саҳифаи 10) қобили дарёфт мебошад:

https://www.behoerden-spiegel.de/nl/Behoerden_Spiegel.pdf

IMG-1671.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg