Таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Берлин

24.03.2023 15:11

21 марти соли 2023 бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ҷашни хуҷастаи Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷамъияти тоҷикистониён таҷлил карда шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов дар сухани шодбошӣ ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи фаррухпай ва оғози соли нави аҷдодӣ табрик намуд.

Сафир изҳор дошт, ки Наврӯз барои сарҷамъии тоҷикони бурунмарзӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, инчунин муаррифии ҳарчи бештари фарҳанги волои тоҷикон дар кишвари иқомат муҳим мебошад.

Бинобар ин, аз ҳамватанон даъват ба амал овард, ки дар рушду ободии Тоҷикистон ва баланд бардоштани симои мусбати он ҳиссагузор бошанд.

Ҳамзамон, ба ҷамъомадагон дастурхони идонаи наврӯзӣ густурда шуд.

336884234-887974008949606-496868456376053870-n.jpg

336897525-742738710566167-5604622653939853981-n.jpg

337501339-180248047681949-4742982076678884839-n.jpg

336881990-172801602279420-377068790173858220-n.jpg

337501751-982582363120799-8267120373340678076-n.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg